Чорабини бахшида ба 31- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №11

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Муъминобод дар асоси иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини доир гардида истодааст.

Дар чорабинии мазкур Суҳроби Бозорали мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот, Раҳимов Фурқат мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод  иштирок ва суҳбат намуданд.

Дар идомаи чорабини аз ҷониби Суҳроби Бозорали таъкид гардид, ки ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, барои ташаккули ҳаёти онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша чораҳои мушаххас андешида мешавад. Бо ин мақсад ҷавонони кишварро низ зарур аст, ки дониш, малака ва маҳорати зеҳниву ҷисмонии худро ташаккул дода, барои хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар, инчунин пос доштани муқаддасоти миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Иброз карда шуд, ки имрӯз хоинони миллат аз дур ба пешрафту ободии ин кишвар санги маломат мезананд. Агар ҷавонони мо соҳибилму соҳибмаърифат, ватандӯсту бо садоқат бошанд ва дар ҳимояи Ватан аз як гиребон сар бароранд, он гоҳ ба душманон зафар меёбанд. Бо ин мақсад ҷавонони қишварро лозим аст, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ба фитнаву дасисаҳои хоинон дода нашаванд.