ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

Муъминобод: Вокуниш  

Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишин зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст.

Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва бахусус дар кишварҳои мо нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондааст. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии соддаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад.

Мушкилии аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусалмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёнаи динӣ, бахусус, аз гурӯҳи терористии ба ном “ Давлати исломӣ"  иттилоъ надоранд ва ба фиребу найрангҳои онҳо содалавҳона дода мешаванд.

Дар умум, аз ҳар як фарди ҷомеа хоҳонем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкори барои пешгирӣ намудани терроризм ва экстремизм фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро истифода намоем.

Хуршеди Холмурод, 

Аъзои фаъоли  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод