ТЕРРОРИЗМ МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛӢ.

Муъминобод: Вокуниш  

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии моро имрӯз ба ташвиш овардааст, ин амалҳои террорестӣ ва ифротгароӣ мебошад. Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳӣ ва ҷисми, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимияти демократӣ, озод ва дунявӣ, ва аз он худ кардани ваколатҳои он, баронгехтани низои миллӣ, ичтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳои номатлубонае мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меорад. Ва мақсади асосии он ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ,тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад . Зуроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад.

Ифротгароии динӣ аз чиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиклолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад баронгехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар марҳалаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нафрату нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат аст. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ канорачӯйи мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушду нумӯи кишвари худ ширкат намеварзад, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбчӯиву харобкориро пеша кардаанд.

Дар зери ишораҳои бофтаву ҳаёли фирефтаи таълимоти << гӯё динӣ >> гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро давъат намуда, амалҳои бади худро бо номи << Қаҳрамонӣ >> ,, фидокорӣ `` ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд яъне нуфузу дастовардҳое, ки миллати моро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷи худро ичро намоянд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз пайомҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи терроризму ифротгароӣ диққатӣ ҷиддӣ дода, терроризмро маҳкум намуданд, қайд карданд, ки амалҳои даҳшатнок террорестӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардидааст ва боиси марги ҳазоррон одамони бегуноҳ шуда истодааст, возеҳ нишон медиҳад, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Ба қадри неъмате чун Истиқлолияту давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарзу фарз, ҳам масъулияти воло ҳам таълошу заҳмати ҳар фард ватандорӣ бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Пас бо кӯшиши беинтиҳои худ терроризмро маҳкум ва ҷомеаро аз ин хатар эмин нигоҳ медорем.

 

Хуршедҷони Холмурод ,

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод