Ваҳдат як қувваи воҳид будани ҳамаи мо Тоҷикистониён аст.

Муъминобод: Вокуниш  

Тайи солҳои охир зиддияти байни давлатҳо оид ба масъалаи иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ, низоҳои дохилӣ ва беруни тезутунд шуда истодааст.

Аммо Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро дар асоси қонунҳои қабулгардида  ба роҳ монда, муносибатҳои худро бо кишварҳои дусту ҳамсоя густариш медиҳад. Махсусан муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз қадимулаём решаҳои қавию мустаҳкам дошта имрӯз ҳам бо ҳидоятҳои сарони ин кишварҳо ҷилои тозатаре касб кардааст.      

Ҳар  як шаҳрванди соҳибақл  бояд дарк намояд, ки Ваҳдату ягонагӣ муассиртарин воситаи мубориза бар зидди ҳаргуна зуҳуроти номатлуб мебошад, бинобар ин Ваҳдат як қувваи воҳид будани ҳамаи мо Тоҷикистониён аст.

Ҳар яки моро мебояд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва ҳамеша саҳми худро дар таъмини амнияти ҷомеа гӯзорем.

 

Суҳроби Бозоралӣ,

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод