Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар соли 2023 ва вазифаҳо барои минбаъда

Муъминобод: Ҳисобот  

Дар маҷлис масъалаҳои зерин: “Ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 ва нақшаҳо барои фаъолияти минбаъда”, “Тасдиқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод барои соли 2024”, “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии  таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва “Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи КИ ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мавриди муҳокима ва иҷро қарор дода шуданд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияти ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  С. Мирзобаротзода  ифтитоҳ намуда рӯзномаи кори онро ба ҳозирин фаҳмонида, котиботи маҷлисро тасдиқ намуд. Аз рӯи масалаи якуми  рӯзномаи  Маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод С. Мирзобаротзода  баромад намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи  маҷлис: “Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар соли 2023” шунида шуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида дар маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Сипас, раиси ноҳияи Муъминобод  муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханрони намуда, таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда аъзои ҳизбро зарур аст, ки фаъолияти худро  бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд.

Зикр шуд, ки обрӯ ва нуфузи ҲХДТ  дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.

Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар амалигардонии Барномаҳои ҲХДТ саҳм гузоштанд бо сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод қадрдонӣ гардиданд.