СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮИ ПАЁМ –ДАСТУРИ СОЗАНДА ДАР МТМУ №9

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод вобаста ба таъмини иҷрои Амалиёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод, ташкилотҳои ибтидоӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, кормандони шуъбаи маориф, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадарон «Соати сиёсӣ» доир карда шуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба мавзӯъҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", "Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон", Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"сӯҳбат доир карда шуда, аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳои судманд пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 - сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор яке аз мавзӯҳои асосии сӯҳбати иштирокчиён буд.

Зимни вохӯри аз ҷониби баромадкунандагон зикр гардид, ки аз Паём бармеояд, соли ҷорӣ, сарфи назар аз вазъи номуътадили иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳон, Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта, дурнамои ҳадафноки пешрафту нумӯ таъмин гардидааст. Афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, бештар шудани даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, аз якуми январи соли 2024 то ба 40% афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1 июли соли оянда аз 30% то 40% баланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо, таъсис ёфтани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати мамлакат, тадбирандешӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, то соли 2037 ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо, таҳияи Барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун” аз ҷумлаи нуқтаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат мебошанд.