ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ МАВЗӮЪҲОИ РӮЗ ДАР «СОАТИ СИЁСӢ»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва дар доираи тадбиқи Амалиёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории соатҳои сиёсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров дар ноҳияи  Муъминобод вобаста ба мавзӯъҳои «Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ», «Вазъи бавуҷудомада дар ҳамсоякишвар – Афғонистон ва таҳдидҳои он ба Тоҷикистон, ҳамчунин, вазъи минтақа ва ҷаҳон ва «Фишангҳои муқовимат бо гуруҳҳои ифротӣ» бо ҷалби донишмандону  омӯзгорон ва бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ соати сиёсӣ баргузор карда шуд, ки дар он масъалаҳои зикршуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, тавсияҳои судманд пешниҳод карда шуд.