МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ДӮСТӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4-уми сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 - и деҳаи Дӯстии ноҳияи Муъминобод бо иштироки фаъолону сокинони деҳа, падару модари хонандагон ва талабагони синфҳои болӣ вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон вохӯрӣ доир гардид.

Ҷамъомади мазкур дар асоси иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба роҳ монда шуд.

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Сайрамби Ҷалилова иштирок ва баромад намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳои муҳим, аз ҷумла нақши занону бонувон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, иброз карда шуд, ки занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки сокинонро зарур аст, ки дар ободу зебо гардонидани маҳал саҳм гузошта, заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро самаранок истифода баранд.

Дар баробари ин таъкид карда шуд, ки шаҳрвандонро зарур аст, ки нисбат ба бемориҳои сироятӣ ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд.