МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2023-И КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ҳисобот  

Санаи 20-уми июли соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 -и ноҳияи Муъминобод Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод баргузор гардид, ки дар кори он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, аъзоёни кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва собиқадорони ҲХДТ  иштирок намуданд.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин: “Ҳисоботи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нимсолаи якуми соли 2023”, “Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод барои нимсолаи дуюми соли  2023” ва “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии  таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мавриди муҳокима ва иҷро қарор дода шуданд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияти ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  С. Мирзобаротзода  ифтитоҳ намуда рӯзномаи кори онро ба ҳозирин фаҳмонида, котиботи маҷлисро тасдиқ намуд. Аз рӯи масалаи якуми рӯзномаи маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод С. Мирзобаротзода  баромад намуд.

Инчунин аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи  маҷлис: “Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нимсолаи якуми соли 2023” ва ҳисоботи  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки  Муъминобод ” Мирзошарифзода Сабоҳат  шунида шуд. Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида дар маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда аъзои ҳизбро зарур аст, ки фаъолияти худро  бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд. Зикр шуд, ки обрӯ ва нуфузи ҲХДТ  дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.

Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар амалигардонии Барномаҳои ҲХДТ саҳм гузоштанд бо сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ҷавононе ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, ба онҳо шаҳоданомаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд