Баровардани чорвои хонагӣ аз ҳудуди шаҳр, пешгири аз бетартибиҳо нисбати тозагии муҳит, риояи маданияти ш
аҳрнишинӣ аз масъалаҳои ҳалталабе мебошанд, ки баҳри бартараф намудани он шаҳрдории Левакант, ба масъулини сохторҳои зиддахл супоришҳои мушаххас доданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии щизбии ҷамоати шаҳраки "Сарбанд"-Саидқулов Манучеҳр ва масъули ҳифзи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр-Иброҳим Солиев вобаста ба ин масъала дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр корбарӣ карда, сокинонро таъкид намуданд, ки чорвои худро аз шаҳр бароранда, дар кӯчаҳо палосшӯи накунанд. Зеро ин кирдор метавонад ба бад гаштани тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист таъсири манфӣ гузорад.