КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ МУШКИЛОТИ ДОҒИ РӮЗ

Левакант:  

Имрӯз 13-уми июн, гурӯҳи кории муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ҳудуди шаҳр, бозори марказӣ, марказҳои хизматрасонӣ, назди биноҳои баландошёна бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Гурӯҳи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб, пешгири аз тероризму эктремизм, хурофотпарастӣ, пешгири аз сатру ҳиҷоб, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз бегонапарастию тарғиби фарҳанги бегона, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, риояи талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масоили доғи рӯз ба сокинон фишурда фаҳмондадиҳӣ намуданд.

Инчунин ба соҳибкорону фурӯшандаҳои мағозаҳо таъкид шуд, ки молу маҳсулоти худро танҳо дар дохили дукону мағозаҳояшон савдо карда, ба савдои кӯчагӣ роҳ надиҳанд, шиору овезаҳои таблиғотиро нав ва бо забони тоҷикӣ дар назди дуконҳои худ насб карада, тозагию ободониро дар назди дукон, мағоза ва хонаҳои истиқоматиашон таъмин намоянд. Маҳсулоти босифат ва муҳлати истифодааш нагузаштаро ба мардум пешкаш созанд.

Ба кӯдакон ва волидонашон таъкид шуд, ки барои пешгири аз бемориҳои мавсимию сироятӣ дар ҳавои гарм бе зарурат ба кӯча набароянду аз оббозӣ дар ҷойҳои хавфнок худдорӣ кунанд.