БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ВНМО"

Левакант:  

Дар робита ба иҷрои банди 4.3 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ҷиҳати баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО"-и шаҳри Левакант бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант – Акрамшоева Гулшан, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО" – Шарипов Қурбоналӣ ва аъзои ташкилот маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ масъалаҳои зерин дида шуд:

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои дувуним сола ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.

2. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.

3. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ.

4. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар маҷлиси мазкур, нахуст оид ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд. Вобаста ба баррасии масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис, номзадии Шарипов Қурбоналӣ ҷиҳати аз нав интихоб гардидан ба ҳайси раис ва номзадии Маҷидова Гулизор ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии мазкур пешниҳод гардида, дар натиҷа бо ҷонибдорӣ ва овоздиҳии якдилонаи аъзои ҳизб қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар ин радиф, вобаста ба баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, номзадии раиси ташкилот – Шарипов Қурбоналӣ ҳамчун вакил барои иштирок дар Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант пешниҳод гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул гардид.

Дар идома, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант суханронӣ намуда, ҷиҳати ҷоннок намудани кор дар самти дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилот, иҷрои босифати дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизбӣ, инчунин, иҷрои саривақтии нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2025 ва пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ҷиҳати аз байн бурдани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар раванди фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур тавсияҳои муфид дод.

Маҷлис аз руи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул намуда ба кори худ хотима бахшид.