ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МАЙДОНЧАҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ

Левакант:  

Имрӯз майдоначаи истироҳатии тобистонаи кӯдакон, «Офтобак»-и Муассисаи давлатии таълимии томактабии №3-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён"-и шаҳри Левакант, дар мавсими нав ба кори худ оғоз кард. Кори майдончаҳои истироҳатии тобистона ба хотири истироҳату фароғат ва инкишофи ҷисмию зеҳнии кӯдакону наврасон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабии №№1,2,3 ва муассисаи хусусии «Нигина»-и ташкил шудааст, ки дар он кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат ҷалб мегарданд.

Дар майдончаҳои тобистонаи истироҳатии муасисаҳои таълимию томактабӣ ба кӯдакону наврасон пеш аз ҳама истироҳату фароғат таъмин гашта, онҳо ба китобхонӣ, маҳфилҳои гуногуни дастони моҳир, мусобиқаҳои шашкаву шоҳмот, озмунҳои гуногуни зеҳнию маърифатӣ, машқу бозиҳои шавқовар ҷалб карда мешаванд.