ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР ДЕҲОТИ «ГУЛИСТОН»

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ин рӯзҳои мусоид масъулин ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳсозон"-и шаҳри Левакант, дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ камар бастаанд. Онҳо дар ин рӯз роҳҳои маҳаллии деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти «Гулистон», ки деҳаро ба маркази шаҳр мепайвандад таъмир карда аломатҳои роҳро васлу насб ва хатҳои уфуқиро кашида истодаанд.

Кормандони ин ниҳод пайваста кушиш менамоянд, ки роҳҳои маҳаллӣ ва аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидоштаи дар тавозунашон бударо дар сатҳи зарурӣ нигаҳдорӣ намоянд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳсозон"-и шаҳри Левакант - Изатулозода Раҷабалӣ иброз доштанд, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ, таъмири роҳҳоро идома медиҳанду дар кутоҳтарин фурсат тамоми роҳҳои маҳалиро аз таъмири ҷорӣ мебароранд.