ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри тарғибу ташвиқи варзиш алалхусус “Футбол” дар байни ҷомеа, бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 27-умин солгарди "Рӯзи ваҳдати миллӣ" мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва корхонаву муассисаҳои шаҳр барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардида истодааст. Санаи 10-уми июни соли ҷорӣ мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни дастаҳои “КАТС” ва “КДФ БММҒ”-и шаҳр баргузор гардид. Дар рафти мусобиқаи футбол, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант – Расулов Меҳтоҷалӣ иштирок намуда, ҳамзамон мусобиқаро кӯшода ҳозиронро шодбош гуфта ва ба дастаҳо муваффақият орзу намуданд.

Дидори дастаҳо дар майдончаи хурди футбол дар кӯчаи Зебониссои шаҳри Левакант баргузор гардид, ки бозӣ бо ҳисоби 11 бар 2 ба фоидаи футболбозони дастаи «КДФ БММҒ» -и шаҳри Левакант анҷомид.

Бояд қайд намуд, ки футбол яке аз маъмултарин навъи варзиш ба ҳисоб рафта, барои мустаҳкам намудани муносибати дӯстии байни халқҳо, пойдории сулҳу ваҳдат нақши муҳим мебозад ва дар тарбияи инсондӯстиву ватанпарварии ҷавонон саҳми арзандаи худро мегузорад.