ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ дар байни аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватани"- и ноҳия доир намуданд.

Дар вохўрӣ омузгорон ва фаъолони ҲХДТ дар шаҳри бо хонандагони синфҳои болоӣ мулокот намуда, оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълимӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф суханронӣ намуд.

Ҳамзамон аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, масъулин иброз доштанд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣтамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем.

Инчунин қайд намуданд, ки дар ин самт саҳми омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузур аст. Чунки ҷомеаро дар ҳама давру замон бе иштирок ва мавқеи намояндагони илму маърифат, олимон, аҳли адаб, омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф тасаввур намудан ғайриимкон аст.