КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Левакант: Созандагони ватан  

ЛЕВАКАНТ: Бахшида ба зодрӯзи сардафтари адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, нависанда, олим, академик, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва таърихнигор Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ (1878-1954) дар Литсейи давлатии №2-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант чорабинӣ гузаронида шуд.

Дар чорабини хонандагон аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар  бораи зиндагиномаи устод, фаъолияти омӯзгорӣ, эҷодиёти ин адиб мухтасар маълумот доданд. Хонандагони Литсей  аз эҷодиёти Устод Айнӣ “Мактаби кӯҳна”, “Ёддоштҳо”, “Марги судхӯр”, “Бухоро”, “Ғуломон”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темур Малик”, “Шӯриши муқаннаъ”, “Одина ”, “Дохунда”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ахтари Инқилоб”, “Куллиёт” ёдоварӣ намуда, маърузаҳо ва шеърҳо қироат намуданд.  Академик Бобоҷон Ғафуров гуфтааст: “Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст”.