АМАЛИШАВИИ ДАСТУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АҲЛИ ЗИЁ САНАИ 9-МАРТИ СОЛИ 2024

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
ЛЕВАКАНТ: Дар пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои инсон-дӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри амали намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки санаи 9-марти соли равон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин, ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд ва қишри осебпазири ҷомеа, дода буданд, имрӯзҳо дар арафаи иди сайиди Фитр дар шаҳри Левакант аз ҷониби шахсони саховатманд бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Мақомотииҷроияи ҳокимияти давлатии шари Левакант ва ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ва волидайни онҳо кумакҳои яквақтаинаи пулӣ ва хӯрокворӣ- орд, равған, пиёз, картошка, тухм расонида шуд.
Аз ин амали нек пайвандону наздикони ниёзмандон, ятимон, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои камбизоат хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Роҳбарияти Олии кишвар ва шахсони саховатманд минатдории самимона баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана ҳамасола дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона амалӣ мешавад.