ТАШАББУСИ ВАКИЛОНИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САЙИДИ ФИТР

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ятимону     бепарасторон     ҳамеша    таҳти   таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба онҳо ҳамеша ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Дар арафаи иди сайиди Фитр бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давалат ба ятимону бепарасторон дар шаҳри Левакант аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҲХДТ  Авғонова Мастона  ва Маснавиева Фазилат кӯмакҳои яквақтаи пулӣ расонида шауд.

Бояд қайд намуд, ки аёдати табақаи ниёзманди ҷомеа ва пайваста ғамхорӣ намудан нисбат ба ятимону бепарасторон аз фазилатҳои неки инсонӣ мансуб меёбад. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат,  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакилони он чунин корҳои хайру савобро мунтазам роҳандозӣ намуда, дар доираи имкониятҳо дасти кумаки худро мерасонанд.