ИДОМАИ АКСИЯИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  партави   иқдоми   Кумитаи   иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  аксияи тозагӣ таҳти унвони “ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор”  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъати бачагона” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар саҳн ва гирду атрофи муассисаи таълимӣ, баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки фарҳанги экологӣ қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллӣ буда, маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъиятро бо муҳити зист дар бар мегирад. Ҳар як нафар дар баробари аз худ намудани донишҳои экологӣ вазифадор аст, ки ба муҳити зист муносибати ғамхорона дошта бошад, зеро чунин муносибат барои таъмину таҳкими ҳаёти солими ҷомеа ва ҳар як нафар манфиатовар аст.