ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ:  Тозагӣ   гарви   саломатист.  Таҳти  ҳамин унвон ва дар доираи нақшаи чорабинҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант имрӯз  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ” бо иштироки аъзоё-ҷонибдорони ҲХДТ ва масъулини Кумитаи иҷроия,  аксияи тозагӣ баргузор гардид. Дар аксия иштирокдорон дар тозаю озода намудани дохил, саҳн, боғгулгаштҳо, гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, аз ҷумал, бинои асосии маъмурӣ ва толори тамринӣ, саҳм гузоштанд. Иштирокдорони аксия дарахтон, буттаву гулҳо ва сабзазорҳоро ба тартиб дароварда, сабзазорҳо, гулгаштҳо ва обгузарҳоро аз партобҳо орӣ намуданд.

Дар ҳақиқат, тозагиву поккорӣ, ободиву созандагӣ, зебою забзу хуррамгардонии муҳити зист, зинда намудани табиат ва парвариши гулу буттаҳо барои таъмини ҳаёти солим муфид мебошад ва ин амалҳо маҳсули дасти инсон аст, инсоне, ки муҳит, ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, коргоҳу гулгаштҳоро тоза намуда, ба ҳифзу покии он роҳ медиҳад.