ЛИБОСИ МИЛЛӢ-БОЗГӮЙИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  

Бо  мақсади   иҷрои  Барқияи  телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 19-уми марти соли 2024, №16 ва барқияи  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2024, №24/10-21 бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант, ҷиҳати тарғибу ташвиқи  пӯшидани либосҳои миллӣ чорабини таҳти унвони “Либоси миллӣ-бозгӯйи ҳуввияти миллӣ” баргузор карда шуд.

Мо – тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пӯшидани либосҳои миллии худро дорем ва бояд ин гуна арзишҳоро ҷонибдорӣ намоем. Либоспӯшии тоҷикӣ бо такя ба назокати хоси матлуб моро дар роҳи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.Анъанаҳои миллии худро аз ҷумла либоси миллӣ – чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо ва тоҷикона ҳастанд бояд қабул дошта бошем ва ҳамзамон ин гуна либосҳо пурра ба талаботи замона ҷавобгуй ҳастанд.

Бояд қайд кард, ки ҳар миллату халқият дорои либосҳои миллӣ буда, ба фарҳанги волои ниёгони хеш арҷ мегузорад. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарасти мардуми покнажоди тоҷик аст.