ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Созандагони ватан  

Имрӯз 29  марти  соли  равон  дар  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор ба ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант – Расулов Меҳтоҷалӣ, инчунин хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр ва валантёрон варзишгарон иштирок доштанд.

Зимни ҷаласа мудири шуъбаи кор ба ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант – Расулов Меҳтоҷалӣ аз дастовардҳои ҷавонони боистеъдоди шаҳри Левакант суханронӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд. Инчунин қайд намуд, ки хизмат ба Ватан, садоқат ба Пешво, ҳиссагузорӣ дар ободиву шукуфонии Тоҷикистони азиз бояд рисолати ҳар як ҷавони имрӯза бошад ва ҳамчунин ҷавонони имрӯзаи моро мебояд дастгириву хизматҳои сарвари давлатро дар самти ҷавонон қадр намоянд.Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии он вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳодии ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст. Набояд фаромӯш кард, ки ҷавонон нерӯи бузург дар ҳар давру замон дониста шуда, дар меҳвари ҳамагуна тағйироту табадуллоти равандҳои ҷомеа нерӯи марказӣ маҳсуб ёфта, нақши муассир доранд.