АЁДАТ ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАР ТАҲТИ УНВОНИ “МОДАРОН - САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 Дар арафаи Рӯзи модар бо ташабуси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нигина” намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Назарзода Фароғат ба дидорбинии занону модароне, ки фарзандонашон барои ҳифзи Ватан дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизтон шаҳид шудаанд, аёдат намуданд.
Зимни суҳбат бо модарони рӯзгордида Олимзода Низора, қайд кард, ки Шумо модарони азиз барои ин миллату давлати соҳибистиқлол заҳматҳои зиёд кашидаед. Мо ҳизбиён дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни фарзандони Шуморо фаромӯш намекунем ва ҳар яки Шумо барои мо азизу гиромӣ ҳастед.
Имрӯз таҷрибаи кору зиндагии ибратбахши модарони арҷманд барои насли наврасу ҷавон мактаби бузурги тарбия аст. Мо минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки аз ҳолу аҳволи собиқадорон бохабар гардида, аз таҷрибаи кору пайкори шумо самаранок истифода намоем.
Собиқадорон аз солҳои фаъолияташон ёдоварӣ карда, иброз доштанд, ки дар он солҳо техника ва технология қариб, ки набуд, тамоми паҳлуҳои кор бо даст анҷом дода мешуданд. Норасоии ашёи корӣ низ бештар буд. Мардуми тоҷик рӯзҳои сахту сангини солҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарониданд. Хушбахтона имрӯз дар кишвари мо сулҳу субот, тинҷию оромӣ ҳукмфармост.