ҲАМА МУВАФФАҚИЯТИ ФАРЗАНД АЗ “ДУОИ МОДАР” АСТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
  Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант Раҳимов Файзулло дар “Рӯзи Модар” тамоми директорони муассисаҳои таълимӣ таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва мудирони муассисаҳои томактабии шаҳр ба аёдати собиқадорони соаҳаи маориф рафтаанд.
Чуноне, ки бузургон қайд намудаанд агар ҳама гӯянд модар фаршта аст, ман мегӯям модар аз фаришта болотар аст. Аввалин исме, ки мо аз худ менамоем ин номи “Модар” аст, аввалин меҳре, ки дар худ мегирем, ин меҳри модар аст ва инчунин аввалин устоди мо дар зиндагӣ, ин модар аст. Дар воқеъ, Устод Лоиқ Шералӣ дар ситоиши модар хело хуб фармудааст, ки ҳар як фарзанд бояд пайваста ин мисраъҳоро замзама намояд:
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Ҳангоме, ки мо вожаи “модар”-ро ба забон меорем, дар худ як қувва аз ҳама шахси бароямон ҳамеша азизу меҳрубон, шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва дар маҷмуъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад.