НАҚШИ БОЗИИ ШАШКА ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ ҚОБИЛИЯТИ ЗЕҲНИВУ ФИКРӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо ташаббус ва доираи Нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бахшида ба "Рӯзи Модар" бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант - Каниева Низора дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант мусобиқа оид ба "Шашка" байни бонувон баргузор гардид, ки дар он кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣӣ мазкур ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ин иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти зеҳниву фикрии ҷавонону наврасон, пешгирӣ намудан аз паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ, инчунин рушди ин намуди варзиш аз роҳи ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии беҳтаринҳо дар ин самт мебошад.