ДАР ТОЗАГӢ САҲМИ БОСАЗО МЕГУЗОРЕМ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бориши зиёди барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди шаҳри Левакант боиси сар задани мушкилоти зиёде миёни аҳолӣ гардид. Дар ин рӯзҳои сербарф дарахтон аз бориши барфи зиёд хамзада ҳолати шикастаншон ба мушоҳида мерасад. Барои бартараф кардани ин мушкилот аз ҷониби масъулону кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дарахтонро аз барф тозанамуданд ва бехатарии онро барои шаҳрвандон таъмин намуданд.

Имрӯз, 27.02.2024, аз ҷониби командон дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, бо мақсади осеб наёфтани дарахтони ороиши ва аз бориши барф шикаста нагаштани шохаҳои онҳо, дар назди бинои маъмурии кумита ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуда, дарахтони ороишии гирду атрофи бино аз барф тоза карда шудаанд.

Ин ташаббуси кормандони  Кумитаи иҷроия дида, ташкилоту идораҳои шаҳр низ ба ҳашари онҳо пайравӣ намуданд.