АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ ДАРСҲОИ СИЁСӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар замони пуртазод ва бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръати илму техника пайдо гардидани хатару таҳдидҳои нав тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки яке аз ин пайомадҳои ин терроризму экстремизм мебошад, ки дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистони азизи мо низ аз ин хатар эмин намебошад.

Бо мақсади огоҳ намудани насли ҷавону наврас аз хавфу хатари ин пайомадҳои нагин дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки   ҲХДТ ва  Вазорати Маориф дарсҳои сиёсӣ дар мавзуҳои мухталиф дар муассисаҳои таълимӣ доир карда мешавад, ки мавзуи дарси навбатиро “Терроризм ва хатари он ба ҷаҳони муосир” дар бар гирифта дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр баргузор карда шуд, ки дар рафти дарс ба хонандагон хавфу хатар ва мақсади террористон ва гурӯҳҳои ифротиро фаҳмониданд.