“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №2-и ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БАРГУЗОР ГАШТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 24-уми феврали соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид. Дар ин амалиёти муштарак хонандагони синфои болоӣ ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои зерин дида баромада шуд:

1. “Терроризм ва Экстремизм”;

2. Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва хатарҳои ҷомеа;

3. Риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.