САФИ АЪЗОИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ҷиҳати баланд бардоштани шинохти ҳизб дар байни ҷомеа ва тарғиби ҳадафмандонаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида истодааст.

Масъулини ҳизбии шаҳр баҳри зиёд намудани сафи ҳизбиён дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа суҳбату вохурӣ, хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳо ташкил намуда бобати дурусту ҳадафмандона расонидани мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кору фаъолият мебаранд.

Аз ин ҷост, ки рӯз то рӯз сафи ин ҳизби созандаву бонуфуз меафзояд ва барои аъзо шудан ба ин ҳизб ба ташкилотҳои дахлдор ариза ворид мегардад ва аз тарафи масъулин аризаҳои дохилгардида баррасӣ карда мешаванд.