ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН - РИСОЛАТИ МУҚАДДАС

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз бахшҳои муҳимми тарбия буда, дар низоми давлатдории кишвари соҳибистиқлоли мо мақоми махсусро ишғол мекунад. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин таъкид шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар боиси ба тавсиб расидани як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар ин самт гаштааст. Аз ҷумла, 24-уми декабри соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул карда шуд, ки меҳвари онро тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хидмати софдилонаву содиқона ба Ватан, ифтихор аз гузаштагон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талош баҳри ояндаи дурахшони кишвар ва некуаҳволии мардум ташкил медиҳад.
Барои дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Роҳнамои “Сарбози ихтиёрӣ”-и ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроия ба муносибати 31 – солагии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён дар мавзӯи “Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон” ҷамъомад баргузор карда шуд, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант – Тоҷидинов Ориф ва декани факултети иқтисод ва молияи Филиали Донишгоҳи Байналмиллалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (шаҳри Левакант) номзади илмҳои иқтисодӣ - Ятимов Амирхон иштирок намуданд. Ҷамъомадро декани факултети иқтисод ва молия, номзади илмҳои иқтисодӣ - Ятимов Амирхон оғоз намуда, доир ба аҳаммияти зиёди тарбияи маънавӣ – ахлоқии ҷавонон дар замони муосир ибрози андеша кард.
Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант – Тоҷидинов Ориф ҳозиринро ба ифтихори 31 – солагии Артиши миллии кишвар шодбош гуфта, перомуни тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон, боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандории онҳо, ташаккули Артиши миллӣ дар давраи истиқлоли давлатии кишвар, хизмат ба Ватан, сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тибқи Роҳнамои “Сарбози ихтиёрӣ”-и ҲХДТ , вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони имрӯза, ҳимояи марзу буми Меҳан ва дигар масоили муҳим суханронӣ карданд.