ЛЕВАКАНТ: ПЕШГИРИИ ХУДКУШӢ МИЁНИ ЗАНОН ВА ЧАВОНДУХТАРОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи нақшаи кории Куимитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант тар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъати бачагона” вохӯри “оиди пешгирии худкуши ва худсузи” миёни занон ва бонувон доир гардид. дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Каниева Низора ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъати бачагона” иштирок ва суханрони намуданд, масъулини Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба сухан баромада зикр намуданд, ки Худкушӣ, мутаассифона аз падидаҳои номатлубе ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар ҷомеа ба чашм мерасад. Ҷомеа бояд бо ҳар роҳ садди зиёдгардии ин падида гардад.
Дар умум шахсони худкушикунандаро эҳсосотҳои духела идора мекунад, ки онҳо ҳисси ноумедӣ доранд ва дар ҳамон лаҳза умеди наҷотёбиро низ доранд.
Мо занону бонувон, бояд саҳми худро дар пешгирии ин роҳ бигузорем. Гузаронидани варзиш, ба машғулияти фоиданок ҷалб намудани насли наврас бо ҷалби диққати волидон ва ғайра аз омилҳое ба ҳисоб мераавнд, ки метавонанд садди роҳи ин ҳодисаи номатлуб шаванд. Бисёртар барои пешгирии ин падидаи номатлуб бояд муомилаи байни одамон бо ҳамдигар хуб бошад ва мо кӯшиш кунем, ки хубтар якдигарро фаҳмем ва ҳар гуна фикрҳои ночизе ҳам бошад, диққат диҳем ва ҷавонону наврасонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем.