ЛЕВАКАНТ: ҲАФТАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар толори маркази бонувони шаҳри Левакант бо фаъол занони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба муносибати 29 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид. дар мизи мудаввар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора иштирок ва суханрони намуда, қайд карданд, ки мақому манзалати зан-модар дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳамеша болост ва дар ин маврид ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бараъло эҳсос мегардад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои охир як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии осуда ва баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа мебошад. ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ҷомеа нақши бориз доштанд. Онҳо бо фазилату накӯгавҳарӣ фарҳанги ҷомеаи моро пеш бурда, дар он тухми меҳру садоқат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву ҷовидон ва давомдори кишвари маҳбуби хеш нигоҳ доштаанд. Занон дар баробари мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи солим хизмат ба давлату миллатро шарафи бузург ҳисобида, дар пешрафти он ҳамеша саъю талошҳо ба харҷ додаанд.