САЁҲАТИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “САЙРИ ВАТАН”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати инсонпарварона ва ятимпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги ниёгон, дар заминаи ҳимоя намудани марзу буми аҷдодӣ ва муаррифии Тоҷикистони азиз санаи 06.05.2022 як гурӯҳ ятимони кулл ба саёҳати ҳизбӣ таҳти унвони “Сайри ватан” сафарбар карда шуданд.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва ҳамбастагӣ бо МИҲД-и шаҳр роҳандози гардидааст.

Дар саёҳати мазкур ятимони кулл аз мавзеҳои фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, "Осорхонаи Авасто"- и шаҳри Бохтар, "Мақбараи рамзӣ ва хона-музейи Ҷ.Балхӣ"-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ, Мамнугоҳи "Бешаи Палангон" ва Мақбараи "Имом Зайнулобиддин"- и ноҳияи Дӯстӣ боздид намуданд.