БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР ДОРЕМ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи накшаи кории Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Брқчиён”-и шаҳр бахшида ба Рӯзи Президенти тоҷикистон вохӯри доир гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант қайд карданд, ки рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд. Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст. Аз таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дида мешавад, ки абармардон ва шахсиятҳои таърихие буданд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба сари ҳокимият омада, зимоми давлатдориро бар души худ гирифта барои баланд бардоштани обруву нуфузи давлати худ нақши абадӣ гузоштаанд.