АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “МАКТАБИ МАН” НАТИҶАҲОИ НЕК БА САМАР МЕОВАРАД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман!” дар тамоми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо хатмкунандагон баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассисаҳо ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.

Бо иштироки директорони  муассисаҳо  чунин ташаббус баргузор карда шуд. Ҳангоми суҳбат вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон” “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби сарбози ихтиёрӣ”,  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки аснои баргузори хонишҳои сиёсӣ дар доираи ташаббуси созандаи “Мактаби ман” хатмкунандагони ин боргоҳи илм низ ҷалб гардида, саҳми муносиб мегузоранд.