ЛЕВАКАНТ: ҶАВОНОНРО ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТВУ ХЕШТАНШИНОСӢ ТАРБИЯ БОЯД КАРД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ҳамаи муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳри Левакант, Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Соати сиёсӣ” баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, донистани таърихи давлату миллати худ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор мебошад.

Ташаббуси “Соати сиёсӣ” дар муассисиа таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Левакант  низ баргузор гардид, ки дар рафти он муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Тоҷидинов Ориф ва директори муассисаи мазкур иштирок намуда доир ба мавзӯъҳои “Конститутсия бахтномаи миллат” “Истиқлолият ва ҳувияти миллӣ” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон”  бо хонандагон дарси соати сиёсӣ доир карда шуд.

Зимни суҳбат оиди ҳифзи арзишҳои миллӣ, донистани таъриху фарҳанги давлату миллати худ ва омухтани илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ибрози андеша карда шуд.

Ҳамзамон хонандагон низ дар мавзӯъҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ баромад карда ба суолҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.