БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Осорхона бахши хеле муҳими ҳофизаи таърихи инсоният мебошад. Махсусан, халқҳои мутамаддин барои ҳифзи ёдгориҳои безаволи гузаштагони худ ва осори моддиву ғайримоддии бамеросмонда тадбирҳои зарурӣ андешидаанд,- таъкид намудаанд Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон. Осорхонаи Пешвои миллат дар шаҳри Левакант макони дӯстдоштании ҳар як меҳмон ва сокинони шаҳр ба ҳисоб меравад, иштирокдорони ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Пешвои маҳбуби мо”, ки санаи 19-уми сентябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи филиали Донишгоҳи сайёҳӣ, ки бо иштироки гирандагони медалҳои шоиста ва ҷавонони касбу кори гуногун баргузор гардид, аз осорхонаи мазкур дидан намуданд.