ҲАР ЗАҲМАТЕРО ПОДОШЕ ИНТИЗОР АСТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҳамоиши ҳизбиро бо иштироки васеъи ҷавонони касбу кори гуногун, донишҷӯён, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ” таҳти унвони “Пешвои маҳбуби мо фаъолияти содиқонаро қадр менамояд" баргузор намуд.

Дар ҳамоиши мазкур Ғуломзода Ҷамшед Ғулом раиси ташкилоти ибтидоии “Силсила неругохи Вахш” ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант Вализода Берди Раҷаб, ки бо мукофотҳо ва медалҳои давлатии “Хизмати шоиста” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон сарфароз гардида буданд, иштирок ва суханронӣ намуда, аз Пешвои миллат миннатдорӣ намуданд.

Ҳамоиши мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз меҳрубониҳо, қадрдониҳо ва ғамгориҳои ҳамешагии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда, ҷавононро ҳушдор намуданд, ки ҳар заҳмату фаъолияти хуби корӣ аз тарафи Роҳбарияти кишвар қадрдонӣ мегардад.

Сипас, Вализода Бердӣ Раҷаб аз фаъолияти 35-солаи худ ба ҷавонон қисса намуда, дар тафаккури насли ҷавон ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва масъулияти баланди ватандориро тарғиб намуда, аз заҳматҳои ҳамешагии Президенти кишвар ёдоварӣ намуда, худро хушбахттарин шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Ғуломзода Ҷамшед Ғулом дар самти пешниҳодҳои Пешвои миллат аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ибрози ақида намуда, аз иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант дар неругоҳи барқи обии “Сарбанд”  ва ба кор даровардани гидроагрегати №1-и ин иншооти муҳими энергетикӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Гидроагрегати №1-и неругоҳ баъд аз таҷдиду навсозӣ бо тавоноии 39-МВТ ба ҷавонон ёдоварӣ намуда, барои мутахассиси хуб гардидан ба онҳо барои сайқал додани дониш ва баланд бардоштани савияи забондонӣ тавсияҳои муфид доданд.