КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастгирии бевоситаи узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша дар доираи корҳои ободониву созандагӣ, ки аз дастури супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ҷӯйҳои кӯчаҳои марказии шаҳр бо новаҳои битони замонавӣ иваз карда шуда истодаанд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозон” дар ин кор масъулияти баланди кориро ба уҳда гирифта, бо иштироки аъзоёни фаъоли ташкилоти мазкур бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.