БАРТАРАФ НАМУДАНИ КАМБУДИҲО ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон ва варзиш" ва "Амонатбонк" -и шаҳри Левакант дидан намуд.

Зимни суҳбат масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант қайд намуданд, ки камбудиву норасоиҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии бартараф карда мешаванд.