САЙЁҲӢ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ АСОСИИ ДАРОМАДИ БУҶЕТИ МАМЛАКАТҲОИ ПЕШРАФТА БА ҲИСОБ МЕРАВАД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар дунёи ҷаҳонишавӣ ва зуҳури дигаргуниҳои куллӣ дар вазъи сиёсиву амниятӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон доштани сарзамини амну ором ва соҳибистиқлоле ба номи Тоҷикистон худ баёнгари саодат ва сарбаландии миллати мутамаддин ва соҳибфарҳанги тоҷик дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Дар шароити имрӯза кам кишварҳое ҳастанд, ки дорои сулҳу осоиш ва амнияти фикриву зеҳнӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ бошанд. Маҳз бо мақсади рушди фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар ин радиф бо иқдом ва ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва дастгириҳои ҳамешагии раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша ятимони кулл, котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони КИ ҲХДТ аз мавзеи таърихии Қалъаи- Ҳисор ва осорхонаи он дидан намуданд. Таърих гувоҳ аст, ки Қалъаи Ҳисор ва маҷмуаи ёдгориҳои таърихии он яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, нишонае аз маданияти зиёда аз панҷҳазорсолаи Тоҷикистон ва яке аз ганҷинаҳои бебаҳои мардуми ориёинажоди Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ёдгории таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Ҳисор дар шаҳри Ҳисор ҷойгир шуда, маънои луғавии вожаи «ҳисор» қалъа мебошад. Ҳисор ҳанӯз дар давраи Пешдодиён ва замони Зардушт бо номи Шумон давлати алоҳидаеро ташкил медодааст. Вожаи Шумон дар қисмати “Занд-Позанд”-и “Авасто” ҳамчун мулк зикр шуда, маънои ин калима (Шумон) дунгии пешонӣ, яъне баландӣ аст. Бозёфтҳои археологии Теппаи Ғозиён ба охири давраи биринҷӣ ва аввали давраи оҳан тааллуқ доранд, ки дар таърих бо номи “Маданияти Ҳисор” номгузорӣ, эътироф ва маъруф гаштааст. Маданияти Ҳисор бозёфтҳои бисёр мавзеҳои таърихии Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро дар бар гирифта, ба ҳазораҳои Vl-lll пеш аз мелод мансуб мебошад. Болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад.