САЁҲАТИ ҲИЗБӢ БО ЯТИМОНИ КУЛЛ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ғамхории давлату Ҳукумат, алалхусус Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбат ба онҳое, ки аз навозиши падару модар барвақт маҳрум шудаанд, хеле назаррас аст. Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ятимон дар паноҳи давлатанд, падарона сари онҳоро сила карда, барояшон беҳтарин шароитҳои таълиму тарбияро фароҳам меоваранд. Ҳамчунин, дар вохӯрию мулоқот чунин таъкид намудаанд: «Ман ҳеҷ вақт ягон ятими кулро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям».

Саёҳати ҳизбии ятимони кулл таҳти унвони “Сайри Ватан” бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ ва дастгирии ҳамешагии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бахшида ба таҷлили 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба шаҳри Ҳисор ва Душанбе ташкил ва баргузор гардид. Масъули  КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант зикр намуд, ки саёҳати мазкур бо мақсади таҳти таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани ин табақаи аҳолӣ гузаронида мешавад. Муовини раиси шахр иброз дошт, ки давлату Ҳукумат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, фароҳам овардани шароити таҳсил ва кору фаъолиятро барои худ ҳадафи муҳимтарин қарор додааст. Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант мунтазам ин қишри ҷомеаро аёдат ва парасторӣ менамояд., - Парҳезгориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро аз рӯи имконият гирифтан, ба шахсони камбизоат кӯмак кардан, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби инсонӣ мебошанд.

Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ ба табақаи ниёзманди аҳолии вилоят буд, ки бо иқдоми нек ва сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар дар қаламрави мамлакат ҳамасола шахсони саховатпеша, соҳибкор ва дигар инсонҳои накӯкор, хосатан дар арафаи рӯзҳои ид дастгирӣ ва шодишарики тантанаҳои онҳо мегарданд.