ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН” - ОМИЛИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ МАОРИФ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ташаббусҳои созандаи ҳизб дар соҳаи маорифи шаҳр амалиӣ гардида истодаанд.

Ин навбат дар доираи амалишавии амалиёти муштарак зери унвони “Мактаби ман” бо иштироки директори муассисиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  шаҳри Левакант имрӯз дар муассисаҳои мазкур бо саҳми ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”  дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи падару модарони муассисҳо корҳои ободонӣ амалӣ гардида, таъмири бинои муассисҳо оғоз гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳамзамон синфхонаҳои муассисҳо дар ин кори басо хайр дастаҷамъона ва муташаккилона ширкат варзида, бо ин восита садоқати худро ба сиёсати оқилонаю дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар собит менамоянд.

Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман!” дар муассисаҳои мазкур вохӯрӣ бо хатмкунандагон баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассисҳо ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.