ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ:

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагии бо МИҲД шаҳр инчунин корхонаю ташкилотҳо дар доираи фармони мазкур бо роҳбарони ташкилотҳо дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориёнбонк”-и шаҳри Левакант бо роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳр мизи мудавар бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо дар корхонаю идораҳо,  муассисаҳои давлатии амаликунандаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин намудан ва иҷрои саривақти фармони мазкур.

Олимзода Низора-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант  вобаста ба масъалаҳои дар боло зикргардида ибрози назар карда, зикр намуданд, ки дар баробари тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо низ бояд бо ҳисси баланди миллӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои ободии Ватан ва пешгирии омилҳои корупсиони ин фармони мазкурро ба хамагон фахмонида вазифаи шахрвандии худро ичро намоем.

Дар навбати худ роҳбари Амонатбонки шаҳр Раҷабализода Қурбоналӣ оиди таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд маълумотдода иштирокчиёнро барои иҷрои фармони мазкур даъват намудаанд.

 

 ЛЕВАКАНТ: Дар доираи дастури КИМ ҲХДТ оиди ҷалби мутахассисони варзида барои бунёди иншооти ҶСК НБО “РОҒУН”. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо ҳамбастаги бо МИҲД ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баҳри ҷалби бештари шаҳрвандон ба бунёди иншооти мазкур намоиши ҷойҳои корӣ озодро дар бозори марказии шаҳри Левакант баргузор намуд.

     Дар чорабинии мазкур ташкилотҳои ибтидоии шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши меҳнат ва муҳоҷират, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, идораи почта, бахши фарҳанг, иштирок ва саҳмгузори намудаанд.

    КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант иқдом гирифтааст, ки дар давоми моҳ ин чорабиниҳоро такроран баргузор намоянд.