МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19.07.2023 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора бо иштироки раиси  шаҳри Левакант Файзиддинзода Бунафша узви раёсат ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ, роҳбарону  мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, намояндагон ва дигар шахсони масъул ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рӯйи натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант давоми 6 моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.

1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва ташкилотҳои ибтидоии он дар шашмоҳаи соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда

2.Тасдиқи нақшаи чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитсон дар шаҳри Левакант ва сохторҳои ҳизбии он барои шашмоҳаи дуюми соли 2023

3.Рафти иҷрои обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози хал” барои соли 2024

4. Ворид намудани тағйирот ба ҳайати Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант

5.Масъалаҳои ҷорӣ.

Вобаста ба масъалаи якум Раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант фаъолияти нимсолаи якуми соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Сипас, Раиси шаҳри Левакант Файзиддинзода Бунафша доир ба соҳаҳои маорифу тиб, занон, ҷавонон, ноболиғон аз масъулини дахлдор пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани мушкилот ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ғайра дастуру супоришҳо дод.

Дар идомаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷамоати Ваҳдат” Султонов Фарух ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” Эмомов Ҳусейн ба музокира баромада, вобаста ба фаъолияти ташкилот дар ҳудуди ҷамоат ҳисобот дод.

Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитсон дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ ба сухан баромада, оиди фаъолияти ҳизбӣ, баргузории аксияҳои ҳизбӣ, тезонидани обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ, хусусан ташаббусҳои ҳизбӣ ибрози андеша намуданд. Номбурда қайд кард, ки дар баробари дигар Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант низ назаррас буда, дар сомонаи Кумита ҳамарӯза хабару андешаҳо ва вокунишҳо сари вақт ҷой дода мешаванд.

Дар анҷом Раиси шаҳри Левакант Файзиддинзода Бунафша баромад карда, фаъолияти раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакантро дар давраи ҳисоботӣ назаррас арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2023 низ фаъолиятро хуб ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо вакилони шаҳрӣ ва фаъолони шаҳр бар зидди гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ вокунишҳои саривақтӣ нишон дода, манфиатҳои давлату миллатро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ иникос намоянд.

Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар анҷом ба як қатор аъзоён ва фаъолони ҳизбӣ Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант тақдим карда шуд.