ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БО ТАШАББУСИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли ҷорӣ зимни сафари кориашон ба шаҳри Левакант бо фаъолон ва деҳқонони шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор намуданд, як қатор корҳои ободонӣ ва сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза пайдо намудааст.

Аз он ҷумла бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Хурамдеҳ 2,2км роҳҳои дохилии деҳаи мазкурро, марҳила ба марҳила мумфарш карда шуда, қисми зиёди деҳаҳҳо роҳҳо мунфарш карда шудаанд.

Инак бо иқдоми навбатии роҳбарияти Олии мамлакат боқимондаи  роҳҳои дохилии деҳҳаҳо ва маркази шаҳр мумфарш карда истодаанд.

Сокинони шаҳри Левакант аз ин дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳол буда, миннатдории самимонаи худро иброз медоранд ва кӯшиш менамоянд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, инчунин пешрафту ободонии ватанамон- Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.