РОҲҲОИ БАЙНИ ДЕҲАҲО МУМФАРШ ГАРДИДА ИСТОДААНД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати-миллӣ дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар кӯчаи деҳаи Боҳтуробод, ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант 1,5-километр роҳи асосӣ мумфарш карда шудааст.

Ин аст, ки ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса ва доимӣ зоҳир карда мешавад, ҳазорон километр роҳҳои мошингард аз нав тармиму таҷдид гардида, ба истиқлолияти комуникатсионӣ ноил шуда истодаем.

Чунин амалҳои созандагиву бунёдкорӣ боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.