АКСИЯИ ТОЗА НИГОҲ ДОШТАНИ ҚАБРИСТОНҲО

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти “Гулистон” ҷиҳати амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” ва тозаю озода нигоҳ доштани қабристонҳои шаҳр дар қабристони деҳаи Гулистон бо иштироки сокинони деҳа ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд.

Дар рафти кор қабристони мазкур аз  алафҳои хушку бегона, чӯбу тахтаҳои партофташуда тоза гардонида шуда, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” оид ба тартиби ҷобаҷогузории қабрҳо, роҳравҳо ва сангин мазор ва шинонидани  бо иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.