Левакант: Аёдати ниёзмандон дар арафаи Идҳои бузурги миллӣ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди Қурбон, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, раиси ҷамоати деҳоти “Гулистон”-Абдуқодирзода Шуҳрат ва фаъолони ҷамоат ба аёдати чанд тан аз сокинони бемору ниёзманди ҷамоат рафтанд. Масъулин зимни аёдату дидорбинии ниёзмандон онҳоро аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ ба рӯзҳои фархундаи миллӣ табрик намуда, ба онҳо маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияро расониданд. Ҳамзамон дар ин рӯз масъулин ба аёдати хонаводаи сарбозе, ки дар муноқишаҳои сарҳадӣ аз ҷамоати мазкур барои Ватан ҷон бохта буд, рафта аз ҳолу аҳволи падару модар ва пайвандонаш хабар гирифтанд.

Боиси зикр аст, ки аёдату дидорбинӣ ва дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон аз фазилатҳои идҳои бузургӣ миллӣ Ваҳдати миллӣ ва Иди Қурбон мебошад, ки ин иқдом дар шаҳри Левакант дар сатҳи хуб идома дораду саховатмандон ба ин васила шумори савобҳои худро бештар мегардонанд.